Тоҷикистон бо ҳисоби 1:2 аз Филиппин шикаст хӯрд

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Филиппин дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2012 бо тими миллии Филиппин имрӯз, 13-уми март, дар Непал соати 14.15 ба вақти Душанбе шурӯъ шуд.
Ин бозии даври охирини гурӯҳи “В” дар варзишгоҳи “Ҳалчоук”-и пойтахти Непал – шаҳри Катманду ҷараён дорад ва ҳоло ҳисоб 0:0 аст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳайати зерин ба майдон омадааст:

Алишер Тӯйчиев, Аҳтам Назаров, Даврон Эргашев, Соҳиб Саванқулов, Алексей Неъматов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Маҳмадалӣ Содиқов (капитан), Фарҳод Тоҳиров, Аҳтам Ҳамроқулов.

Бозигарони эҳтиётӣ: Владимир Сисоев, Дилшод Восиев, Хуршед Маҳмудов, Далер Тухтасунов, Фаррух Чориев, Комил Саидов, Юсуф Рабиев, Саидҷон Саидраҳмонов, Иброҳим Рабимов, Илҳом Ортиқов. Эраҷ Раҷабов ва Умед Ҳабибуллоев ба иллати латхӯрӣ дар бозии имрӯза ширкат намекунанд.

Дар ҳайати тими Тоҷикистон дар муқоиса бо бозӣ бо Кореяи Шимолӣ (0:2) як тағйирот ба амал омадааст. Ба ҷойи Эраҷ Раҷабова аз оғози бозӣ ба майдон Аҳтам Назаров омад. Хуршед Маҳмудов, ки ба иллати латхӯрӣ дар ду бозии пешин ширкат надошт, баъди табобат имрӯз ба рӯйхати бозигарони эҳтиётӣ дохил аст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Филиппин: 1. Нил Леонард Этериҷ, 2. Роберт Джеймс Гиер, 5. Ҷ. Ҷурайдо, 7. Ҷемс Ҷозеф Юнгҳусбанд, 10. Филипп Ҷозеф Юнгуҳсбанд, 12. Ангел Ҷурайдо, 13. Емелио Киликдонг (капитан), 14. Мартинс Де Мурга, 22. Паул Мулдерс, 22. Рай Антонио Ҷонсон, 42. Ҷэйсон Аббот Сабио.

Бозигарони эҳтиётӣ: 6. Роел Генер, 9. Мисагҳ Баҳадурон, 17. Ҷэйсон Николас Мариа Де Йонг, 19. Несторио Маргарсе, 23. Иоан Аранета, 24. Ҷ. Ангелес, 29. Мой, 35. Гагара Деннис, 36. Бонгбонг Рокси Дорлас, 37. Ангело Марасиган, 41. Эдуард Сакапано, 44. Ҷозе Паоло Паскуал.

Сардовар: Руиҷи Сато аз Ҷопон. Ёваронаш - Азман Бин Исмоил (Малайзия) ва Муҳаммад Аслам Абдин (Шри-Ланка). Довари эҳтиётӣ – Ко Ҳунг Чжин (Кореяи Ҷанубӣ). Комиссари бозӣ– Сизар Умар Ҳуснӣ Соубар (Урдун), нозири доварон – Ҳасоунеҳ Авнӣ (Урдун).

Дастаи Кореяи Шимолӣ, ки дар гурӯҳи “В” бо шаш имтиёз пешсаф аст, сарфи назар аз бозии охиринаш бо тими Ҳиндустон ба нимфинал баромад. Вале дастаи Ҳиндустон, ки бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад, аз идомаи мубориза маҳрум гашт.

Тимҳои Тоҷикистону Филиппин сеимтиёзӣ доранд. Тақдири роҳхати дувум ба даври ниманиҳоӣ дар бозии имрӯзаи Тоҷикистону Филиппин ҳал хоҳад шуд. Дар мавриди бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфтани замони асосӣ ғолибро силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян хоҳад кард.

Дирӯз, 12-уми март, бозиҳои охирини гурӯҳи "А" баргузор шуданд. Туркманистон бар Непал бо ҳисоби 3:0 ва Фаластин бар Молдив бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд.

Дар ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Фаластин бо ҳафтимтиёзӣ пешсаф шуданд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Туркманистон бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо ҷойи аввал ва Фаластин ҷойи дувумро касб карданд. Тими Молдив бо се имтиёз севум шуд. Вале дастаи мизбон - Непал бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт. Дастаҳои Молдив ва Непал аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Туркманистон дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 16-уми март бо ғолиби ҷуфти Тоҷикистон – Филиппин рақобат хоҳад кард. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ тимҳои Кореяи Шимолӣ ва Фаластин қувва меозмоянд.

Футболбозони тоҷик пеш аз бозӣ бо Филиппин сармураббии дастаи мунтахаби кишвар Камол Алиспоҳичро бо зодрӯзаш табрик карданд. Маҳмадалӣ Содиқов, капитани тими миллӣ, аз номи аъзои даста ба мутахассиси 47-солаи босниягӣ либоси варзишӣ тӯҳфа кард. Алиспоҳич ба бозигарон изҳори сипос намуд ва гуфт, “беҳтарин тӯҳфа барои ман ин аст, ки агар шумо дар бозии имрӯза бар мунтахаби Филиппин пирӯз шавед.”

Бозии Тоҷикистону Филиппин идома дорад. Ҳисоб боз нашудааст.
Даҳ дақиқаи бозӣ сипарӣ шуд, вале ҳисоб кушода нашудааст. Бозигарони ҳар ду даста ба хатоиҳои зиёд роҳ доданд. Танҳо дар як лаҳза Ҷаҳонгир Ҷалилов бо дарвозабони рақиб як ба як баромад, вале дарвозабони филиппиниҳо аз назди пои ӯ тӯбро зада баргардонд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ ҳисоб кушода шуд. Ҷон Кванг Ик, бозигари Кореяи шимолӣ дар дақиқаи сеюм тӯбро вориди дарвозаи тими Ҳиндустон кард.

Дарвозабони Тоҷикистон Алишер Тӯйчиев тӯби задаи Ҷемс Юнгуҳсбандро баргардонд ва дастаашро аз гол эмин дошт.
Ҳисоб дар рақобат миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Филиппин баъди 15 дақиқаи бозӣ то ҳанӯз кушода нашудааст.

Дақиқаи 22-юми бозӣ миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Филиппин ҷараён дорад ва ҳисоб ҳамон 0:0 мебошад. Дар бозии тимҳои Кореяи Шимол ва Ҳиндустон низ тағйирот ба амал наомадааст. Кореягиҳо бо ҳисоби 1:0 дар пешанд.

Бозигари дастаи Филиппин Ҷемс Юнгeҳсбанд аз ҷониби сардовар дар дақиқаи 23-юм корти зард гирифт. Ҳоло дақиқаи 27-уми бозӣ идома дорад, ҳисоб 0:0

Дастаҳо хеле боэҳтиёт бозӣ мекунанд. Зеро қимати бозӣ гарон аст. Танҳо ғолиб ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Ҳисоб - 0:0. Дақиқаи 31-уми бозӣ ҷараён дорад.

Дар бозии дигар низ ҳисоб тағйир наёфтааст.

Дар дақиқаи 32-юми бозӣ дарвозабон Алишер Тӯйчиев тӯби задаи Филип Юнгҳусбандро моҳирона баргардонд ва дастаашро аз гол наҷот дод.

Дар дақиқаи 35-ум Нуриддин Давронов лат хӯрд ва баъди кӯмаки таъҷилии тиббӣ бозиро идома дод. То анҷоми бахши аввали бозӣ панҷ дақиқа мондааст. Ҳисоб ҳанӯз бетағйир мебошад.

Дар бозии дигар футболбозони Кореяи Шимолӣ ба дарвозаи Ҳиндустон боз ду голи дигар заданд. Дар дақиқаи 34-ум Кванг Ҳёк Рӣ голи дуввум ва дар дақиқаи 39-ум Ҷонг Ил Гван голи севумро ба самар расонданд. Ҳамин тариқ, ду дақиқа қабл аз анҷоми қисми аввал ҳисоб 3 бар 0 ба фоидаи кореягиҳо мебошад.

Замони асосии нимаи аввали дидор миёни тимҳои Тоҷикистон ва Филиппин бо ҳисоби 0:0 ба поён расид ва ҳоло вақти иловагии сардовар ҷараён дорад, вале ҳисоб кушода нашудааст. Дар бозии дигар миёни дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Ҳиндустон голи севум аз ҷониби сардовар бекор шуд ва дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи кореягиҳо ба танаффус баромаданд.

Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе барандаи Ҷоми федератсияи футболи Тоҷикистон муайян шуд. Дастаи "Регар"-ТадАЗ"-и Турсунзода имрӯз дар бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи "Автомобилист"-и Душанбе бар дастаи "Хайр"-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Дастаи "Хайр" барои ҷои дуввум 15 ҳазор сомонӣ гирифт.

Қабл аз бозии ниҳоӣ тимҳои ССКА "Помир" ва "Равшан"-и Кӯлоб барои ҷои севум мубориза бурданд. Бозӣ бо ғалабаи низомиёни Душанбе бо ҳисоби 2:1 поён ёфт.

Дастаи CCКА "Помир" бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд.

Дар бозии Тоҷикистон ва Филиппин дар дақиқаи аввали замони изофӣ ҳисоб кушода шуд. Тӯбро Алексей Неъматов, ҳимоятгари дастаи Тоҷикистон вориди дарвозаи Филиппин кард. Дастаҳо бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Тоҷикистон ба танаффус баромаданд.

ҚИСМИ ДУЮМИ БОЗИи дастаҳои Тоҷикистону Филиппин шурӯъ шуд. Ҳисоб 1:0 бар фоидаи футболбозони тоҷик аст.

Дар бозии дигар миёни тимҳои Кореяи Шимолӣ ва Ҳиндустон ҳисоб 2:0 ба фоидаи кореягиҳо мебошад.

Дар нимаи дувуми дидор дар ҳайати дастаҳо тайғирот ба амал наомадааст. Футболбозони тоҷик бартарӣ доранд ва бозиро назорат мекунанд.

Дар дақиқаи 54-уми бозӣ ҳисоб баробар шуд. Аз хатои дағали Даврон Эргашев бозигарони Филиппин истифода карда, ҳисобро баробар намуданд. Дар дақиқаи 54-ум голро Филипп Юнгҳусбанд ба самар расонд.

Дар дақиқаи 60-уми бозӣ, баъди зарбаи Фарҳод Тоҳиров, тӯб аз паҳлуи дарвозаи филиппиниҳо гузашт. Ҳисоб ҳамоно 1:1.

Дар бозии дигар кореягиҳо ба дарвозаи тими Ҳиндустон дар дақиқаи 59-ум голи севумро заданд. Ҳисоб 3:0 ба фоидаи Кореяи Шимолӣ аст.

Дар дақиқаи 64-уми бозӣ ҳимоятгари дастаи Тоҷикистон Алексей Неъматов корти зард гирифт.

Дар бозии миёни дастаҳои Кореяи Шимолӣ ва Ҳиндустон ҳисоб боз ҳам афзун шуд. Голи чаҳорумро ба дарвозаи ҳиндуҳо кореягиҳо дар дақиқаи 70-ум ворид карданд.

Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон дар дақиқаи 69-ум аввалин бозигар иваз шуд. Ба ҷои Фарҳод Тоҳиров ба майдон Илҳом Ортиқов омад. Дар дақиқаи 70-ум боҳад, Ҷаҳонгир Ҷалилов корти зард гирифт. То анҷоми замони асосии бозӣ 15 дақиқа мондааст.

Дар зарфи як дақиқа ду бозигари филиппиниҳо Ангел Гуирадо ва Рай Ҷонсон корти зард гирифтанд. То анҷоми замони асосии бозӣ 8 дақиқа мондааст.

Ёдовар мешавем, дар мавриди мусовӣ шудани ҳисоби бозӣ ғолибро зарбаҳои 11-метра муайян мекунад ва дар дақиқаи 81-ум филиппиниҳо ба пеш баромаданд. Ҳисоб 2:1 ба фоидаи тими Филиппин аст. Аммо Камол Алиспоҳич, ки зодрӯзи худро бо пирӯзии дастааш ҷашн гирифтанист, баъд аз ин гол хеле ғамгин менамояд. Тӯби дувуми филиппиниҳоро Ангел Гуирадо ба ҳадаф расонад.

Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон бозигари дувум иваз шуд. Нуриддин Давроновро Юсуф Рабиев иваз намуд.

Замони асосии дидор ба анҷом расид ва ҳоло вақти иловагӣ ҷараён дорад. Ҳисоб 2:1 ба фоидаи Филиппин аст. Дар бозии дигар ҳисоб 4 бар 0 ба фоидаи кореягиҳо мебошад.

Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон бозигари охирин иваз шуд. Ба ҷои Аҳтам Назаров ба майдон Комил Саидов омад. Вале ин тағйирот дастаи Тоҷикистонро аз мағлубият наҷот надод. 1 дақиқа замони иловагӣ низ поён ёфт. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи тими миллии Филиппин ба охир расид. Футболбозони тоҷик натавонистанд, ки ба сармураббии даста -- Камол Алиспоҳич дар зодрӯзаш тӯҳфаи муносиб пешкаш созанд.

Бозии дигари гурӯҳи "B" миёни тимҳои Кореяи Шимолӣ ва Ҳиндустон бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи кореягиҳо ба охир расид. Тими Кореяи Шимолӣ бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дастаи Филиппин бо 6 имтиёз дувум шуд.

Тимии Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифт. Мунтахаби Ҳиндустон бидуни имтиёз ҷои охиринро касб кард.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Туркманистон дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 16-уми март бо Филиппин рақобат хоҳад кард. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ тимҳои Кореяи Шимолӣ ва Фаластин қувва меозмоянд.

Мутаассифона, дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз идомаи мубориза барои Ҷоми давъати AFC ва роҳхат ба Ҷоми Осиё-2015 маҳрум гашт.