Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон аз Кореяи шимолӣ бо ҳисоби 0:2


Имрӯз, 11-уми март дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АFC-2012 дар Непал бо тими миллии Кореяи шимолӣ вориди рақобат шуд.

Ин бозии даври дуввуми гурӯҳи “B” дар варзишгоҳи “Халчоук”-и шаҳри Катманду барпо гардид. Бозӣ соати 14:15 ба вақти Душанбе оғоз ёфт.

Пак Нам Чол дар дақиқи панҷум ҳисобро боз кард. Голи дувумро Янг Кук Чол дар дақиқаи 86-ум ба самар расонд.

Бозии дигари ин гурӯҳ миёни тимҳои миллии Ҳиндустон ва Филиппин ҳоло ҷараён дорад. Баъди анҷмои қисми аввал филиппиҳо бо ҳисоби 1:0 дар пешанд. Голро дар дақиқаи 11-уми Филип Янгҳусбанд ба ҳадаф расонд.

Ҳоло дастаҳои Кореяи Шимолӣ бо шаш имтиёз пешсаф аст. Тоҷикистон бо се имтиёз дар ҷои дувум мебошад. Тимҳои Ҳиндустон ва Филиппин баъди як бозӣ имтиёз надоранд

Дар гӯрӯҳи “А” пас аз натиҷагирии ду даври мусобиқа дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Фаластин бо чаҳор имтиёзӣ пешқадаманд. Тими Молдив се имтиёз гирифтааст. Вале дастаи мизбон - Непал бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад. Непалиҳо сарфи назар аз бозии охирини худ бо дастаи Туркманистон (12-уми март), аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ, рӯзи душанбе Молдив ва Фаластин қувваозмоӣ хоҳанд кард. Дирӯз, 10-уми март дар даври дуввуми мусобиқа Непал аз Молдив бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Бозии Туркманистон ва Фаластин бо ҳисоби 0:0 поён ёфт.

Дастаҳои Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ то ин бозӣ се бор бо ҳам рӯбарӯ шудаанд. Дар даври ниманиҳоии Ҷоми AFC-2008 мунтахаби Тоҷиикстон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд. Ҳар ду даста дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон 2014 ду бозӣ анҷом доданд. Шашуми сентябри соли 2011 Кореяи шимолӣ дар майдони худ бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд. Бозии ҷавобӣ 29-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 1:1 поён ёфт.

Камол Алиспоҳич, сармураббии тими милии Тоҷикистон, дар бозии имрӯза дар ҳайати дастааш чун бозии қаблӣ бо Ҳиндустон тағйирот ба амал наовард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳайати зерин ба майдон омад:

Алишер Тӯйчиев, Эраҷ Раҷабов, Даврон Эргашев, Соҳиб Саванқулов, Алексей Неъматов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Маҳмадалӣ Содиқов (капитан), Фарҳод Тоҳиров, Аҳтам Ҳамроқулов.

Бозигарони эҳтиётӣ: Владимир Сисоев, Дилшод Восиев, Аҳтам Назаров, Далер Тухтасунов, Фаррух Чориев, Комил Саидов, Юсуф Рабиев, Саидҷон Саидраҳмонов, Иброҳим Рабимов, Илҳом Ортиқов.

Хуршед Маҳмудов ва Умед Ҳабибуллоев бозиро аз минбар тамошо карданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ чунин буд:
Ри Мион Гук, Пак Нам Чол-1, Ри Кван Чон (капитан), Пак Сонг Сол, Ри Чол Мион, Йон Ил Гван, Чжон Кванг Ик, Янг Мион Ил, Пак Нам Чол-2, Рик Кван Хиок, Пак Чонг Чол.

Бозигарони эҳтиётӣ: Ри Мион Сонг, Ким Мион Гил, Янг Кук Чол, Чжу Кванг Мин, Янг Сонг Хиок, Ри Ил Чжин, Ким Чжу Сонг, Ри Хионг Му.

Сардовар Юсуф Ал-Марзук (Кувайт). Ёваронаш Азман бин Исмоил (Малайзия) ва Ҳаммод Ал-Саҳлӣ (Кувайт). Довари эҳтиётӣ -Дмитрий Машентсев(Қирғизистон).

Комиссари бозӣ - Сизар Умар Ҳуснӣ Соубар (Урдун).

Бозии миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ оғоз ёфт. Футболбозони тоҷик бо пероҳани сурх, бозигарони Корея бо пероҳани сафед бозӣ доранд. Ва дар дақиқаи панҷуми бозӣ футболбозони кореягӣ ҳисобро кушоданд. Пак Нам Чол тӯбро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд.
Пак Нам Чол, ҳимоятгарони дастаи Тоҷикистонро ба қафо гузошт, дарвозабон Алишер Тӯйчиевро ҳам фиреб дод ва тӯбро вориди дарвоза кард.

Даҳ дақиқаи бозӣ сипарӣ шуд, ҳисоб 1:0 ба фоидаи кореягиҳо.

Футболбозони Корея, ки аз оғози бозӣ ташаббусро ба даст гирифтаанд, ба футболбозони тоҷик имкон намедиҳанд, ки муваффақ шаванд. Дар дақиқаи 14-ум бозигарони тоҷик хуб ҳуҷум карданд, вале тӯб пас аз зарбаи Фатҳулло Фатҳуллоев ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Дақиқаи 21-уми бозӣ ҷараён дорад. Ҳисоб тағйир наёфтааст.

Футболбозони тоҷик ҳарчанд ҳуҷум мекунанд, вале тӯбҳои задаи онҳо ба ҳадаф намерасад. Ҳоло дақиқаи 26-уми дидор идома дорад, ҳисоб мисли пешин 1:0 ба нафъи дастаи рақибони Тоҷикистон аст.

Як зарбаи сахти Йонг Ил Гван ба ҳадаф нарасид. То анҷоми замони асосии нимаи аввали бозӣ 13 дақиқа мондааст. Ҳисоб тағйир наёфтааст.

Тӯби бо сар задаи Пак Сонг Чолро дарвозабон Алишер Тӯйчиев баргардонд ва дастаашро аз гол эмин дошт.

Ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов ба дарвозаи рақибон наздик шуд, вале ҳимоятгари кореягӣ тӯбро аз назди пои ӯ зада аз майдон берун кард.

Дақиқаи 38-уми бозӣ идома дорад. Ҳисоб 1:0 ба нафъи кореягиҳо. Ҳарчанд ҳаво 23 дараҷа гарм аст, вале то ҳанӯз дили футболбозони тоҷик гарм нашудааст.

Бозӣ бисёр шавқангез сурат гирифтааст. Бозигарони кореягӣ боз як шонси голзаниро аз даст доданд. Баъди зарбаи Ил Гван тӯб аз паҳлӯи сутуни дарвоза берун шуд. То анҷоми нимаи аввал 2 дақиқа мондааст. Ҳисоб ҳамоно 1:0 ба фоидаи кореягиҳо.

Дар шаҳри Душанбе бошад, бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Федератсияи Футболи Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи "Автомобилист" баргузор шуданд, имрӯз ба поён расиданд. Дастаи "Хайр"-и Ваҳдат бар ССКА "Помир"-и Душанбе аз рӯи пенолтӣ бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд. Замони асосӣ бидуни гол хотима ёфт.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ "Регар-ТадАЗ" -и Турсунзода ба дарвозаи дастаи "Равшан"-и Кӯлоб чаҳор голи беҷавоб зад. Ҳамин тариқ рӯзи 13-уми март дастаҳои "Хайр" ва "Регар"дар бозии ниҳоӣ рақобат хоҳанд кард. Барои ҷои севум дастаҳои ССКА "Помир" ва "Равшан" мубориза мебаранд.

Дар бозии Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ аввалин бозингар иваз шуд. Ба ҷои Мион Ил ба майдон Кук Чол омад. Ҳоло замони изофакардаи сардовар ҷараён дорад.

Ва инак, нимаи аввали бозӣ бо пирӯзии Кореяи шимолӣ бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт ва дастаҳо ба танаффус баромаданд.

Нимаи дуввуми бозии Тоҷикистону Кореяи шимолӣ шурӯъ шуд.

Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон дар нимаи дувуми бозӣ ба ҷои Нуриддин Давронов ба майдон Дилшод Восиев омад. Ин аввалин таъвизи Тоҷикистон дар ин бозӣ мебошад.

Дақиқаи панҷоҳум ҳам сипарӣ шуд, аммо ҳисоб тағйир наёфтааст. Баъди зарбаи Аҳтам Ҳамроқулов аз масофаи тахминан 25 метр, тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Дақиқаҳои аввали нимаи дувуми бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами футболбозони тоҷик ҷараён дорад. Фарҳод Тоҳиров тӯбро ба Аҳтам Ҳамроқулов ҳаво дод, вале баъди зарбаи ӯ тӯб аз паҳлӯи дарвоза гузашт.

Дар дақиқаи 55-ум Ил Гван имкони афзун намудани ҳисобро дошт, вале тӯби бо сар задаи ӯ аз болои тири дарвозаи Тоҷикистон берун шуд.

Дар дақиқаи 60-уми бозӣ дар ҳайати дастаи Тоҷикистон бозигари дувум иваз шуд. Юсуф Рабиев дар хатти пеш Фарҳод Тоҳировро иваз кард. Воқеан Фарҳод имсол ба бошгоҳи футболи "Андиҷон"-и Узбакистон гузаштааст.

Дақиқаи 65-уми бозӣ идома дорад. Мақсади Алиспоҳич тағйир додани ҳисоби бозист. Бинобар ин ӯ хатти ҳамларо бо нерӯи нав тақвият мекунад.

Дар дақиқаи 66-ум бозигари севум иваз шуд. Иброҳим Рабимов ба ҷои Аҳтам Ҳароқулов ба майдон омад.

Дар дақиқаи 69-ум кореягиҳо пас аз иҷрои зарбаи кунҷӣ тӯбро вориди дарвоза карданд. Вале сардовар голро ҳисоб накард, зеро дар ин маврид ҳуҷум ба дарвозабон буд.

Дар дақиқаи 75-ум боз як имкони голзанӣ аз ҷониби Ил Гван аз даст рафт. Тӯб баъд аз зарбаи ӯ аз масофаи дур аз паҳлӯи сутуни дарвоза гузашт. То анҷоми вақти асосӣ ҳамагӣ панҷ дақиқа мондааст. Вале ҳисоб ҳамоно ба нафъи рақибони Тоҷикистон аст.

Иброҳим Рабимов нимҳимоятгари дастаи Тоҷикистон корти зард гирифт.

Дар дақиқаи 86-ум футболбозони Кореяи шимолӣ ҳисобро афзун карданд. Голи дувумро Кук Чол ба самар расонд.

Кук Чол, ки дар нимаи дувум бозӣ ба майдон омад, аз ҳимоятгарон гузашт ва дарвозабон Алишер Тӯйчиевро фиреб дод ва тӯбро вориди дарвоза кард. Ҳоло чаҳор дақиқаи иловакардаи сардовар ҷараён дорад. Ва ҳисоб 2:0 ба фоидаи кореягиҳо мебошад.

Ҳамин тариқ бозии Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ бо пирӯзии кореягиҳо бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт. Дастаи Кореяи шимолӣ бо шаш имтиёз дар гурӯҳ "B" пешсаф шуд. Тоҷикистон бо 3 имтиёз дуввум аст.

Бозиҳои охирини гурӯҳи "B" рӯзи 13-уми март баргузор мешаванд. Тоҷикистон бо Филиппин ва Кореяи шимолӣ бо Ҳиндустон рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG