Мақомоти Миср мегӯянд, созиши оташбасе, ки бо миёнҷигарии ин кишвар байни Фаластиниён ва Исроил ҳосил шуд, аз субҳи сешанбе ба иҷро даромад. Қатли як тундрави фаластинӣ аз сӯи Исроил дар рӯзи 9 март миёни ду тараф даргирӣ барангехт. Аз як сӯ фаластиниён ба Исроил мушак андохтанд ва Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоӣ посух дод. Ба гуфтаи табибони фаластинӣ, то шоми душанбе дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил 25 нафар кушта ва 80 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳам мақомоти Исроил ва ҳам фаластиниён рӯзи сешанбе гуфтанд, ки созиши оташбасро риоят мекунанд. Чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна мураккаб аз намояндагони Созмони Милал, Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Русия аз ҳарду тараф хостаанд, ба хотири хотима додан ба хунрезӣ “амалкардҳои иғвобарангезро” бас кунанд.