Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Салиби Сурхи Чин рӯзи 12-уми март дар шаҳри Пекин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Дар ин созишнома, ки ба он Зафар Муҳаббатов, дабири кулли Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва хонум Ҳао Лина, муовини президенти Салиби Сурхи Чин имзо гузоштаанд, бар таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо миёни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Салиби Сурхи Чин, аз ҷумла табодули иттилоот ва мусоидат ба ҳамдигар, табодули таҷриба ва таҳкими тамосҳо, ироаи таҷҳизот ва маводи башардӯстона ва омӯзиши имкони роҳандозии барномаҳои муштарак таъкид шудааст. Созишномаи мазкур дар чаҳорчӯбаи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо шудааст.