Омодагии нируҳои НАТО дар Афғонистон

Нируҳои байналмиллалии зери фармондеҳии НАТО дар Афғонистон ба ҳолати омодагии низомӣ даромадаанд. Рӯзи якшанбе дар вилояти Қандаҳор баъд аз куштори 16 афғон дар як тирандозии ғазаболуди сарбози амрикоӣ Толибон эълон карданд, ки барои ин куштор қасос хоҳанд гирифт. Аслан занону кӯдакон қурбони ин тирандозӣ шдаанд.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон телефонӣ дар бораи ин куштор гуфтугӯ кард ва қавл дод, ки масъулони ин тирандозӣ ба ҷазои аъмоли худ хоҳанд расид. Карзай ин амалро “куштори барқасдонаи афроди бегуноҳ” арзёбӣ кард ва гуфт, ки “он наметавонад бахшида шавад”.

Порламони Афғонистон тақозо кардааст, ки ҷинояткор маҳкум ва “ба қазовати мардум гузошта шавад”. Хонум Шогул Ризоӣ-узви порламон чунин гуфт:

“Чунин пешомад ҳам ба эътимоди мардум латма ворид мекунад ва ҳам дар равобити байни ду давлат. Ва дар музокироте, ки ҳамвора дар ҳоли ҷараён буда, таъсироти бисёр манфӣ хоҳад дошт".

Санрбози амрикоӣ, ки дар наздикии деҳоти Аликузай ва Наҷибони вилояти Қандаҳор даст ба чунин тирандозӣ задааст, боздошт шудааст вале ному насаби вайро эълон накардаанд.