Бино ба хабарҳои расида аз Кунари Афғонистон, 45 нафар дар ду деҳаи дурафтодаи вилояти Нуристон зери тарма мондаанд. Мақомот мегӯянд, ки дар ин минтақа рӯзи душанбе тарма деҳоти Пӯшон ва Ғадури вулусволии Мондолро зер кардааст. Сокинони деҳоти атроф ба кӯмаки осебдидагони ин деҳот шитофтанд ва бозмондагонро наҷот медиҳанд. Вале роҳҳои пурбарфи ин минтақаи кӯҳистонӣ расидани гурӯҳҳои наҷот ба деҳотро мушкил кардаст. Ҳафтаи гузашта дар вилояти Бадахшони Афғонистон 50 нафар зери тарма монда буданд.