Саркозӣ боз "қартаи муҳоҷирон"-ро пеш кашид

Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, таҳдид кард, ки агар кишварҳои минтақаи Шенген барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз чораҳои нав кор нагиранд, кишвараш аз ин минтақа берун мешавад.

Зимни суханронӣ дар ҳамоиши ҷонибдоронаш дар Порис, Саркозӣ изҳор намуд, ки системи назорат аз болои муҳоҷират дар Аврупо бояд куллан тағйир ёбад, дар акси ҳол, дар сурати дубора раисиҷумҳур интихоб шуданаш, узвияти Фаронса дар созишҳои Шенгенро муттавақиф месозад.

Аз ин пеш Саркозӣ ваъда дода буд, ки солҳои наздик теъдоди муҳоҷиронро дар Фаронса ду баробар коҳиш хоҳад дод.

Саркозӣ талош дорад, ки барои дуввум бор раисиҷумҳури Фаронса интихоб шавад, Бар пояи назарпурсиҳо, мухолифи аслии ӯ – номзади сотсталистҳо Франсуа Олланд миёни мардум бештар маъруф аст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса рӯзи 22 апрел баргузор мешавад.