Кӯҳҳо дубора барфпӯш мешаванд

Ба иттилои марказҳои ҳавошиносӣ, имрӯз ҳавои шаҳри Душанбе абрист, борон меборад, шомгоҳон резиши барф дар назар аст. Рӯзона як дараҷа гарм, шабона то 1 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳамин гуна вазъи ҳаво пешбинӣ шудааст, шом ҳарорати ҳаво то 2 дараҷа пойин меравад. Осмони шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам абрист, то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ барф меборад, ҳаво то 4 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар аксар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ имрӯз ҳавои абрӣ дар назар аст, дар Ҳисор борон ва дар Турсунзодаву Рашту Нурободу Тавилдара барф меборад ва 8-9 дараҷа сард мешавад.