"Фараҳ-2012" барои ташхиси беҳтарин зани соҳибкор

Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон аз оғози озмуни солонаи «Фараҳ-2012» хабар дод, ки ҳадафаш интихоби беҳтарин зани соҳибкори сол ва беҳтарин ибтикори тиҷории занон аст. Ин озмун ба хотири ташвиқи соҳибкорӣ дар байни занон ва боло бурдани мақоми зан дар ҷомиаи Тоҷикистон буда, ба ғолибонаш ба маблағи 100 000 сомонӣ ҷоиза дода хоҳад шуд. «Азия Плюс»- ношири ин хабар навишт, ки довталабон метавонанд то 1 июн барои ширкат дар озмуни «Фараҳ-2012» дархост диҳанд.