Аннон ба Димишқ меравад, Лавров - ба Қоҳира

Куфӣ Аннон

Рӯзи 10 март талошҳои бештари дипломатӣ ба хотири қатъи саркӯбии эътирозҳои алайҳи режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар назар гирифта шудааст. Дар ин рӯз Куфӣ Аннон – фиристодаи СММ ва Лигаи Араб – дар Димишқ бо Асад мулоқот мекунад. Дар Қоҳира нишасти вузарои хориҷаи Лигаи Араб бо ҳамтои руси онҳо Сергей Лавров доир мешавад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи ҷумъа аз Русия , ки аз охирин ёрони боқимондаи режими Асад маҳсуб мешавад, даъват кард, то дар ҳалли ин буҳрон нақши созанда бозӣ кунад. Ӯ ҳамчунин аз низомиҳои Сурия хост, то болои мардуми худ тир накушоянд. Рӯзи ҷумъа хабарит расид, ки дастикам ду генерали артиши Сурия ба Туркия фирор кардаанд. Бино ба хабарҳо, рӯзи ҷумъа дар Сурия боз дастикам 54 тани дигар, аксаран дар Ҳумсу Идлиб, кушта шуданд. СММ мегӯяд, тайи як соли ошӯбҳои Сурия беш аз 7500 кас ҷон бохтаанд.