Омодагӣ ба раҳпаймоии нави мухолифин дар Маскав

Дар Маскав ҳузури пулис башиддат тақвият дода шудааст. Нирӯҳои пулис ба раҳпаймоии навбатии мухолифин алайҳи натоиҷи интихоботи 4 март, ки Владимир Путинро ба даври севуми раёсат расонд, омодагӣ мегиранд. Мақомот ба ҳузури то 50 000 нафар дар ин раҳпаймоӣ иҷозат додаанд. Пулис дар атрофи Новий Арбат- маҳалли баргузории тазоҳурот – саддҳо ва детекторҳо гузоштааст. Пулис қаблан хабар дода буд, ки барои таъмини тартибот дар ҷараёни раҳпаймоии мухолифин ҳудуди 2500 афсари пулис басиҷ хоҳанд шуд. Тазоҳуроти қаблии мухолифини Русия дар таърихи 5 март бо боздошти беш аз 200 тан аз эътирозгарон анҷом ёфта буд.