Занҳои бин Лодин ба нақзи қоидаҳои иқомат айбдор шуданд

Мақомоти Покистон се завҷаи раҳбари кушташудаи шабакаи ал-Қоида, Усома бин Лодинро дар иқомати ғайриқонунӣ дар кишвар айбдор карданд. Вазири умури дохилии Покистон Раҳмон Малик гуфт, ду зани саудӣ ва як яманӣ ғайриқонунӣ вориди Покистон шуда, ҳамроҳи бин Лодин дар ҳавлие дар Аббатобод зистаанд. Ин занон ҳамроҳ бо 10 кӯдак дар моҳи майи соли 2011 баъд аз рейди нерӯҳои вижаи Иёлоти Муттаҳида ва қатли бин Лодин аз тарафи мақомоти Покистон броздошт шудаанд.