Мулоқоти вазирони Озарбойҷону Туркия ва Эрон

Вазирони корҳои хориҷаи Озарбойҷону Туркия ва Эрон дар Нахчевани Озарбойҷон рӯзи чаҳоршанбе музокира анҷом доданд. Дар ҷараёни ин музокирот Элман Мамадёров, Аҳмет Довутуғлу ва Алӣ Акбар Солеҳӣ таъкид карданд, ки муноқишаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ бояд бо назардошти усули тамомияти арзӣ ҳал шавад. Се ҷониби музокира ҳамчунин ба тавофуқ расиданд, ки роҳҳои оҳани се кишвар, яъне Озарбойҷону Туркия ва Эрон бо ҳам пайванд шаванд ва муқарраорти визо ё раводиди миёни ин кишварҳо соддатар гардад.