Мақомоти расмии Русия мегӯянд, як зани маргталаб худро дар назди як посгоҳи афсарони пулис дар ҷануби Доғистон тарконд ва панҷ нафари онҳоро кушт ва ду тани дигарашонро захмӣ кард. Ҳодиса шоми сешанбе дар рустои Карабудахкент дар 30 километрии ҷануби Махачқалъа пойтахти Доғистон рух додааст. Гузориш шудааст, ки зани бомбгузор ҳамсари раҳбари як гурӯҳи тундрав будааст, ки ӯро чанде пеш куштанд. Торнамоии исломии Кавказсентр навиштааст, ки дар ин ҳамла 10 нафар кушта шуданд, вале дурустии ин хабар маълум нест. Дар ҳамлаи дигаре дар ҳамон рӯз дар шаҳри Каспийкс ду марди мусаллаҳ ба шӯъбаи милиса ворид шуда ва як афсари пулису як сокини маҳаллиро дар онҷо куштаанд.