Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз эъломияи Шӯрои уламои ин кишвар дар бораи маҳдуд сохтани озодии занон ҳимоят кард.
Шӯрои Уламои Афғонистон ниҳоди раҳбар бар умури мазҳабист ва 2-юми март дар эъломияи худ таъкид кард, ки занону мардон ҳангоми кор бояд дар як утоқ нанишинанд, духтарону писарон набояд дар як синфхона дарс хонанд ва занонро ҳангоми сафар бояд як марди хонавода ҳамроҳӣ кунад.
Рӯзи сешанбе Карзай дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ҳадафи эъломияи Шӯрои уламо “маҳдуд кардани ҳуқуқи занон нест” балки ҳимоят аз занони афғон аст: “Уламои Афғонистон маҳдудият ҷорӣ накардаанд, Онҳо дар эъломияи худ, ки рӯзи ҷумъа нашр шуд, усулу арзишҳои исломиро барои ҳимоят аз вазъи занон эълон карданд. Ин эъломия бо назардошти шариат нашр шудааст ва ҳамаи афғонҳо онро риоят мекунанд.”
Ин эъломияро дафтари раёсати ҷумҳурӣ мунташир сохтааст ва он бо қонунҳои мавҷудаи Афғонистон мутобиқат намекунад, балки баробарии ҳуқуқи марду занро, ки дар Қонуни Асосии ин кишвар зикр шудааст, аз байн мебарад.
Уламо ҳамчунин аз мардоне, ки бар зидди зан “тибқи шариат” ба хушунат роҳ додаанд, ҳимоят мекунанд. Вале дар мавридҳои дигар ин эъломия аз ҳуқуқи занон ҳимоят кардааст. Масалан, занон ҳақ доранд, ки бар зидди арусии иҷборӣ изҳори ақида кунанд ва ё метавонанд норизоятии худро барои доду гирифти занон дар ивази чизе ё ба хотири ҳалли моҷароҳои хонаводаӣ ва ҳалли моҷароҳои қабилаӣ баён доранд. Дар маҷмӯъ, эъломияи уламо маҳдудиятҳоеро ба хотир меорад, ки дар давраи Толибон ҷорӣ шуда буд.
Фаъолони ҳуқуқи башари Афғонистон аз ин эъломия интиқод кардаанд ва мегӯянд, мисли ин ки ҳукумати Кобул ба Толибон таслим мешавад, зеро талош дорад бо Толибон сулҳ кунад ва бад-ин тариқ ҷанги даҳсола бо онҳо поён ёбад.
Дар солҳои ҳукумати Толибон таҳсил барои занон мамнӯъ эълон шуда буд, онҳо ҳақ надоштанд дар берун аз хона кор кунанд. Дар сурати берун рафтан аз хона бояд ҳатман рӯсарӣ ба сар мегирифтанд ва яке аз мардони хонавода онҳоро бояд ҳамроҳӣ мекард.
Аҳмад Зиё Лангарӣ-раиси Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, эъломияи Шӯрои уламо бо Қонуни Асосӣ мутобиқат намекунад ва ба эътибори занон зарба мезанад: “Мо дар ҳеҷ кишвари исломӣ надидаем, ки занон комилан аз мардон ҷудо бошанд ва дар як ҷо кор накунанд. Ҳатто дар Арабистони Саудӣ ин гуна маҳдудиятҳо вуҷуд надорад. Аз нигоҳи мантиқӣ, агар мо занҳоро ин қадар маҳдуд бисозем, рафту омадашро ва суханашро, дар он сурат мо каромати занро, ки ӯро чун инсон мешиносем, аз байн меравад.”
Моҳи гузашта бо пешниҳоди аъзои муҳофизакори парлумон, ҳукумат аз наттоқони зан дар телевизиони Афғонистон хоста буд, ки бар сар рӯймол бигиранд ва худро зиёд ороиш надиҳанд.
Сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико ба радиои Озодӣ гуфт, аз тавзеҳоти Ҳомид Карзай дар мавриди эъломияи уламо хабар дорад ва онро меомӯзад.