Панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ва Олмон ба пешниҳоди Эрон барои музокира роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш ризоят додаанд. Кэтрин Эштон-раиси бахши сисёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, ки таъминкунандаи иртибототи гурӯҳи мазкур аст, рӯзи сешанбе изҳор дошт, ки вай ба номаи охири моҳи феврали Саид Ҷалилӣ-раҳбари ҳайати музокираи Эрон посух додааст. Саид Ҷалилӣ пешниҳод карда буд, ки кишвараш ба музокироти нав омода аст.