Дар Тоҷикистон пешнависи қонун “Дар бораи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷ” таҳия шудааст. Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар ба матбуот хабар додааст, ки пешнависи ин қонун соли 2010 омода шуда буд ва ҳоло барои ҳамоҳангсозӣ ба вазоратхонаҳои Тоҷикистон фиристода шудааст. Пешнависи қонун аз 30 модда иборат аст ва ба масъалаҳои муҳоҷирати корӣ иртибот дорад. Коршиносон мегӯяд, ки ин қонун бояд ба таври куллӣ бозбинӣ шавад.