Бино ба хабарҳои расида аз Ироқ, дар мавҷи ҳамалот дар Ҳадиса, воқеъ дар вилояти ғарбии Анбар, 27 пулис кушта шуд. Пулис мегӯяд, ин ҳамалоти зоҳиран ҳамоҳангшуда субҳи имрӯз аз сӯи ҷангиёни Ал-Қоида анҷом шудааст. Беш аз 50 низомипӯш ба посгоҳҳо ва ба манзили ду афсари пулис ҳамла кардаанд. Дастикам як ҳамлагар низ кушта шудааст.