Шарҳҳои зиддунақиз роҷеъ ба бастани сомонаҳо

«Азия Плюс» дар торнамояш дар Фейсбук нусхаи номаи раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуровро нашр кард, ки дар он аз ширкатҳои дастраскунандаи Интернет «хоҳиш» мешавад, ки дастрасӣ ба сомонаҳои maxala.org, zvezda.ru, facebook.com, tjknews.com ва centrasia.ru-ро “бинобар гузарондани корҳои профилактикӣ” қатъ намоянд. Ин дар ҳолест, ки оқои Зуҳуров имрӯз қаблан мушкили дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбукро «фаннӣ» номид, вале ҳамзамон гуфт, афзоиши матлабҳои «ҳақоратомез» дар Интернет онҳоро маҷбур ба иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз ин падида кардааст.
Дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетӣ дар Тоҷикистон аз ду рӯзи пеш мушкил шудааст.