Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи иҷтимоии Фейсбукро «мушкили фаннӣ» номид. Аммо Бег Зуҳуров ҳамзамон гуфт, шикоёте зиёд шудааст, ки бархе дар Интернет бидуни имзо матлабҳои ҳақоратомезро нашр мекунанд, ки боиси кам шудани шумори муштариёни Интернет шуда, онҳоро низ ба иттихози чораҳо барои ҷилавгирӣ аз чунин падида маҷбур кардааст. Дастрасӣ ба Фейсбук ва чанд сомонаи дигар дар Тоҷикистон аз поёни ҳафтаи гузашта маҳдуд шудааст. Ширкатҳои интернетӣ мегӯянд, бар асоси як номаи Хадамоти алоқа даст ба чунин иқдом задаанд.