Бино бар хабарҳо аз Озарбойҷон ду сарбози ин кишвар аз тарафи нерӯҳои Арманистон дар наздикии минтақаи баҳсталаби Қарабоғи Кӯҳӣ кушта шудаанд. Мақомоти ноҳияи Гажахи Озарбойҷон гуфтаанд, сарбозони Арманистон бо нақзи созишномаи оташбас марзбонони озарро ҳадаф қарор додаанд. Дар соли гузашта аз тирандозиҳои байниҳамии ду тараф 22 сарбоз ба ҳалокат расидаанд. Ҷудоихоҳони арман бо пуштибонии ҳукумати Арманистон дар ҷанги соли 1990 назорати Қарабоғи Кӯҳиро ба даст гирифтанд. То оташбаси соли 1994 байни ду кишвар дар ин ҷангҳо наздик ба 30 000 нафар кушта шудааст.