Фаъолони Сурия мегӯянд, гулӯлаборони чанд маҳаллаи марказии шаҳри Ҳумс аз тарафи нерӯҳои давлат идома дорад. Ин дар ҳолест, ки корвони мошинҳои Салиби Сурх талош доранд, ба аҳолӣ обу ғизо ва дорувор расонанд. Дабири кулли Созмони Милал Бан Ки-мун аз қатл ва ҷазоҳои бемаҳкама, ҳабс ва шиканҷаи одамон дар ин ҷо изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин байн дар наздикии марз бо Туркия ҷангҳои шадиде байни нерӯҳои вафодор ба раисиҷумҳур Башор Асад ва мухолифон ба вуқӯъ пайвастааст.