Сатторов: Бале дар ин бора ҳам баҳсҳо буд. Ин падида як ё дуто нест, намунаҳо воқеан ҳам зиёд аст. Шаҳрвандони худи мо миёнарав шуда, муҳоҷиронро фиреб карда, ба роҳи каҷ бурда, онҳоро дар хатар мегузоранд. Барои ҳамин мо тасмим гирифтем, ки як рӯзномае таъсис диҳем ва ин мушкилиҳоро дар он ҷо чоп кунем. Тамоми воқеаҳое, ки бо муҳоҷирони мо дар шаҳри Санкт-Петербург рух медиҳад, бояд дар он ҷо чоп шавад. Тибқи пешниҳод одамоне, ки аз дасти шаҳрвандони худӣ ё бегонагон фиреб хӯрдаанд, бояд ба яке аз чаҳор ҷамъияти тоҷикон муроҷиат кунанд. Ғайр аз ин созмони ҷавонони мо пешниҳод кард, ки ҳамин ҳафта як сомонаи худро ба кор дарорем ва дар ин сомона тамоми чунин хабарҳоро пахш кунем, то одамоне, ки ба интернет дастрасӣ доранд, аз чунин хабарҳо огаҳӣ пайдо кунанд.
Суол: Бубинед, муҳоҷирони оддии корӣ ё фиребгарон ба интернет дастрасӣ надоранд ё аз рӯзнома ҳам хабар надоранд. Фикр мекунед, ки ташкили интернет ё чопи рӯзнома барои пешгирӣ аз ин кор кифоят мекунад ё корҳои дигар ҳам бояд анҷом бигирад?
Сатторов: Албатта, корҳои дигар ҳам бояд анҷом бигирад. Пеш аз ҳама дар фурудгоҳҳо ва дар ҷойҳое, ки муҳоҷирон ҷамъ меоянд, аъзои ҷамъиятҳо бояд фаъол бошанд ва ба муҳоҷирон бояд бигӯянд, ки кадом мақомот расмианд ва чӣ тавр фаъолият мекунанд. Ин корҳоро бештар ҷавонон бар ӯҳда мегиранд, чунки ҷавонон бештар ба мулоқот ё истиқболи шаҳрвандон мебароянд. Рафту омади онҳо бо муҳоҷирони дигар ҳам бештар аст.
Суол: Ҷониби дигари мушкили муҳоҷирони кории тоҷик кордиҳандагони рус ҳастанд. Онҳо ба мукҳоҷирон қарордоди корӣ намедиҳанд ё ҳуҷҷатҳои дурӯғин дуруст мекунанд ва маоши онҳоро пардохт намекунанд. Оё ин масъала ҳам баррасӣ шуд ва бароии рафъи он чӣ тасмим гирифтед?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Садои ҳамватан
Сатторов: Чанд вақт пеш бо сардори раёсати хадамоти муҳоҷирати шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград бо хонум Дунаева мулоқот доштем ва ин масъаларо баррасӣ кардем. Ман гуфтам, ки мо дар телевизион мебинем, ки танҳо муҳоҷиронро сиёҳ мекунанд. Кай мо мебинем, ки шумо як ё дуто кордиҳандагони фиребгарро дастгир кардаед ё аз онҳо ҷарима ситонидаед? Кай дар ин самт фаъолияти шумо сар мешавад? Дунаева қавл дод, ки ин корҳоро оғоз мекунанд ва гуфт, ки шумо хоҳед дид, ки кадом кордиҳанда ё кадом ширкат муҳоҷирони кориро фиреб кардааст ва ба кадом миқдор онҳо ҷарима мешаванд. Ваъдаи сардори Хадамоти муҳоҷират чунин буд. Вале аз тарафи худи мо ҳам дар ин замина кор пеш бурда мешавад. Мо медонем, ки шаҳрвандони миёнарави фиребгари мо рӯзи маоши муҳоҷирони кориро медонанд. Онҳо дар ҳамон рӯз пайдо мешаванду мераванд ва бо зӯрӣ пули коркардаи муҳоҷиронро аз дасташон зада мегиранд. Дар бораи роҳҳои пешгирии ин мушкил низ дар ҳамоиш сӯҳбат кардем.
Суол: Ба ҳар ҳол дар давоми як соли гузашта аз таҷрибае, ки доред, дар зиндагӣ ва шароити кории муҳоҷирон беҳбудӣ мушоҳида мешавад?
Сатторов: Агар ба таври умумӣ бигирем, ҳоло ҳам мушкилҳо зиёданд ва беҳбудӣ на дар сатҳе, ки мо мехоҳем ба назар мерасад. Вале як беҳбудӣ ҳаст ва он ҳам ин аст, ки ҳоло муҳоҷирон бештар рӯзнома мехонанд ва барои худашон иттилоъ ҷустуҷӯ мекунанд. Ин хуб аст. Ғайр аз ин онҳо ба воситаи телефон ё бо ёрии шаҳрвандони мо ба ҷамъиятҳо хабарҳои заруриро мерасонанд. Ба ҳамин тариқ онҳо дараҷаи огаҳии худро низ боло мебаранд. Беҳбудии вақтҳои охир ҳамин аст. Барои додани иттилои бештар мо ҳам як маҷаллае ба чоп расондем, 6 000 нусха. Дар он ҷо машваратҳои зарурӣ пешкаш шудааст. Маҷалла ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба нашр расид ва онро донишҷӯёни тоҷики муқими Санкт-Петербург ба чоп таҳия мекунанд.