Рӯзи якшанбе дар Русия интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мегардад ва дар он 5 номзад ширкат хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки Владимир Путин, нахуствазири Русия ва яке аз номзадҳои интихоботӣ, пирӯзии чашмгир ба даст орад ва бад-ин тариқ бори севвум ба курсии рёсати ҷумҳурӣ биншинад.
Натиҷаҳои назарпурсӣ нишон медиҳад, ки 4 номзади дигар аз Путин хеле ақиб мондаанд. Онҳо Геннадий Зюганов-раиси Ҳизби Куммунисти Русия, Владимир Жириновский-сиёсатмадори миллатгаро, Михаил Прохоров-миллиардери рус ва Сергей Миронов-намояндаи парлумони ин кишвар мебошанд.
Рӯзи ҷумъа ахирин рӯзи маъракаи интихоботӣ буд ва маъракаи расмӣ як шабонарӯз пеш аз оғози райдиҳӣ ба поён мерасад.
Шоми панҷшанбе Путин дар мусоҳиба бо сардабирони нашрияҳои хориҷӣ изҳор дошт, ки вай пирӯз хоҳад шуд ва тазоҳуроти пурҷамъияти ахир бар зидди номзадии вай ва ҳамчунин дар ин бора, ки гӯё дар натиҷаҳои интихоботи парлумонии ахир ба тақаллуб роҳ додаанд, вайро ба номзади қавӣ табдил додааст.
Путин ҳамчунин такрор кард, ки дар сурати пирӯзиаш, вай мехоҳад Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури кунуниро баъд аз хатми масъулияташ дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба
мақоми нахуствазирии Русия пешниҳод кунад. Медведев то нишастан ба курсии раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2008, муовини нахуствазири Русия буд ва баъд аз хатми ду давраи қонунии раёсати ҷумҳурии Путин ба курсии вай нишаст.
Медведев рӯзи ҷумъа дар як паёми телевизионӣ аз райдиҳандагони Русия хост, ки “интихоби дуруст” кунанд. Вай гуфт, ҳоло ҷомеаи Русия ба андозаи кофӣ “пухта” шудааст ва аҳамияти интихоботи рӯзи якшанберо дарк мекунад: “Маъракаи кунунии интихоботӣ дар фазои хеле фаъоли иҷтимоӣ пеш рафт ва нишон дод, ки ҷомеаи Русия бештар пухта шудааст ва он ба таври рӯшан дархостҳои худро ба мақомоти расмӣ пешниҳод кардааст. Ин бад-он маъност, ки ҳоло шаҳрвандони мо мефаҳманд, ки ояндаи мо ба интихоботи қарибулвуқӯъ иртибот дорад ва онҳо омодаанд, ки масъулияти ояндаи кишварро бо ҳам бубинанд.”
Интихоботи парлумонии моҳи декабри Русия, ки дар он ҳизби ҳокими Путин ба пирӯзӣ расид, сабаби баргузории тазоҳуроти бузурги зиддидавлатӣ шуд ва ҳудуди 100 ҳазор нафар эътирозгаронро бар зидди тақаллуб дар интихобот ва идомаи раҳбарии Путин бар давлати Русия, ба кӯчаву хиёбонҳо овард.
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби Либерал-Демократ ва яке аз номзадҳо дар мунозирае иддао кард, ки ҷонибдорони Путин дар натиҷаҳои интихобот бешармона ба тақаллуб даст хоҳанд зад. Дар посух ба чунин даъвоҳо, мақомоти интихоботӣ аз гузоштани камераҳои назоратӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҷонибдорӣ карданд.
Додситонҳо ҳамчунин ба нозирони мустақили интихоботӣ ҳушдор доданд, ки пахши зиндаи интернетӣ аз ҷараёни раъйдиҳӣ қонунӣ нест. Гурӯҳи нозирони “Голос”, ки фаъолияти онро Ғарб сармоягузорӣ мекунад, ба нақша гирифтааст, ки матни паёмҳо ва гузоришҳоро дар бораи натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ дар интернет гузоранд ва ба ин васила аз имкони тақаллуб дар шумориши орои райдиҳандагон пешгирӣ ба амал ояд.