Шӯрои НАТО бо вуҷуди ҳамлаҳои ахир ба низомиёнаш дар Афғонистон сиёсатро дар қиболи ин кишвар тағйир доданӣ нестанд. Чанд рӯз пеш баъд аз сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи ҳавоии Багром сарбозону афсарони НАТО ҳадафаи ҳамлаҳои афроди норозӣ қарор гирифтанд.
Намояндаи ИМА дар НАТО Иво Даалер дар як суханронӣ дар Чикаго гуфт, ки чанд ҳодисаи фоҷиабор ба сиёсати Паймон таъсире нахоҳанд дошт.
Қарор аст, ки моҳи май дар Чикаго нишасти сарони кишварҳои узви НАТО баргузор шавад. Иво Даалер гуфт, ки дар саммит, аз ҷумла, мавзӯъи ҷойгирсозии мушакҳои НАТО дар Руминия ва Лаҳистон баррасӣ хоҳад шуд. Русия ба ин нақшаи НАТО мухолиф аст.