Ҳалокати 22 ҷангҷӯ дар ноҳияи Хайбар

Дар як задухӯрд дар шимолу ғарби Покистон 6 сарбоз ва 22 ҷангҷӯи мухолифи ҳукумат ба ҳалокат расиданд. Даргирӣ субҳи рӯзи ҷумъа дар мавзеъи Хайбар, дар наздикиҳои марзи Афғонистон, ба вуқуъ пайваст.

Раиси ҳукумати ноҳия Муттаҳир Зебхон ба Франс-Пресс гуфт, ки ҷангиён ақибнишинӣ карданд. Хайбар тақрибан аз сӯи раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ идора мешавад.