Қатли боз ду амрикоӣ дар Афғонистон

Ду марди афғон, ки бовар меравад, якеаш сарбоз бошад, ду аскари Амрикоро дар вилояти Қандаҳор куштаанд. Ин дар пайи қатли ду афсари аршади Амрико аз сӯи як пулиси афғон дар бинои вазорати умури дохилии Афғонистон дар Кобул дар ҳафтаи гузашта аст. Дар пайи сӯзондани китобҳои “Қуръон” дар як пойгоҳи НАТО алакай 5 тан аз нирӯҳои эътилоф аз ҷониби маъмурони амниятии афғон кушта шудаанд.