Наздики 15 ҳазор сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ниҳоят ба оби софи нӯшиданӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Солҳои дароз ин аҳолӣ, ки шаҳрнишин ҳастанд, аз оби тозаи омошиданӣ маҳрум буданд. Кор ба ҷое расида буд, ки бархе аз ин мардум барои нӯшидан ва омода кардани ғизо аз оби дарёи Вахш ва ҷӯйборҳо истифода мекарданд ва адами дастрасӣ ба оби соф боиси гирифтории кӯдакони маҳаллӣ ба бемориҳои сироятӣ гардида буд.
Ҳамакнун сокинони маркази шаҳри Сарбанд аз машаққати обкашонӣ то ба хонаҳои худ раҳо шудаанд.
Холдона Қосимова: «Аввал надоштем об, сахт танқисӣ мекашидем. Худамон, кӯдакон обкашонӣ мекардем. Азоби зиёд доштем. Аз оби каналҳо истифода мекардем. Шукри Худо, ҳоло об гузарониданд, дар наздикиҳои 3-4 хона водопровод гузарониданду ба қавле ҷонамон дамид…»
Гулчеҳра Боронова: «Чандин сол боз обамон хушк шудааст. Аммо бисёр хурсанд шудем, ки аз мо ягон маблағ нагирифта, худашон обамонро таъмин намуданд. Азоби кӯдаконамон тамом шуд. Тез-тез бемор мешуданд, домана, зардпарвин, дарунрав. Лекин ҳоло сокинони биноҳои баландошёна об надоранд. Бо сатилҳо фаромада, ба хонаҳояшон аз берун об мекашонанд…»
Тарҳи бо оби ошомиданӣ таъмин шудани 15 ҳазор аз ҷамъияти шаҳри Сарбанд бо ҳимояти молии Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) пиёда шудааст.
Ба гуфтаи Эрин Элизабет МакКи, роҳбари идораи минтақавии USAID дар Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Сарбанд бо сарфи 70 ҳазор доллари амрикоӣ шабакаи обтаъмикунӣ, ки солҳои тӯлонӣ корношоям буд, таъмиру барқарор гардид.
Хонум Макки афзуд, «USAID дар Тоҷикистон се лоиҳаи марбут ба дастрасӣ ба обро амалӣ мекунад, ки дар чаҳорчӯби он дар се соли гузашта 57 шабакаи обтаъминкунӣ дар қаламрави вилоятҳои Хатлону Суғд ва навоҳии тобеи марказ таъмиру тармим гардидаанд. Ин 57 шабака имкон фароҳам оварданд, ки 150 ҳазор нафар ба оби софи нӯшиданӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳаҷми умумии лоиҳаи мазкур беш аз 1 миллиону 720 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.»
Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон нисбат ба давлатҳои дигари дунё дар сатҳи паст қарор дорад. Тибқи омори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, 42 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба оби софи нӯшиданӣ дастрасӣ надошта, танҳо 20 фоизи аҳолӣ ба шабакаҳои мутамаркази обтаъмикунӣ пайваст шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Қарахон Чилаев, раиси шаҳри Сарбанд, гуфт, мушкили дастрасӣ ба об аз масоили доғи рӯз буда,
ҳукумати маҳаллӣ тасмим гирифтааст, ки дар соли ҷорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва 30 дарсад маблағгузории буҷаи маҳаллӣ, оби нӯшиданиро ҳамчунин ба 60 бинои баландошёнаи маскунӣ низ дастрас кунад.
«Ҳоло мо 14921 нафарро дар Сарбанд бо оби нӯшокӣ таъмин намудем ва метавон гуфт, ки ҳамакнун 70 дарсади аҳолии маҳаллӣ ба оби тоза дастрасӣ доранд. Баъзе деҳаҳои дурдасте ҳам ҳастанд, ки ниёзи зиёд ба об доранд. Фикр мекунам, дар мусоидат бо созмонҳои байналмилалӣ ва маблағҳои худӣ ин мушкилро низ оянда бартараф хоҳем кард…»
Хонум Сара Пенхюн, муовини сафири Амрико дар Тоҷикистон, ки аз шаҳри Сарбанд дидан кард, гуфт, қисмате аз аҳолии ин шаҳр ҳамоно аз норасоии оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашанд:
«Таъмин будан бо оби тозаи нӯшокӣ дар якҷоягӣ бо риоя кардани меъёрҳои беҳдошт ва тозагӣ барои пешгирии бемориҳои сироятии тавассути об гузаранда, ки сабабгори фавти одамон шуда метавонад, хеле муҳим аст. Деҳаҳои зиёде дар Тоҷикистон ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд. Ва барои Ҳукумати Амрико боиси фахр аст, ки дар ҳалли ин проблема кӯмак мерасонад…»
Муовини сафири Амрико афзуд, ҳукумати кишвараш дар оянда низ барои дастрасии ҳарчи бештари аҳолии Тоҷикистон ба оби софи нӯшиданӣ кӯмакҳои молию фаннии худро идома хоҳад дод.
Гуфта мешавад, ки тайи 20 соли охир сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои амалисозии барномаҳои дастгирии рушди институтҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёт дар Тоҷикистон беш аз 980 миллион доллар ихтисос додааст.