Режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад мегӯяд, чирикиҳоро аз шаҳри ошӯбзадаи Ҳумс “пок” хоҳад кард. Бино ба хабарҳо, як баталёни нирӯҳои вижа таҳти раҳбарии бародари хурдии Асад дар атрофи Бобо Амрӯ – пойгоҳи асосии чирикиҳои Ҳумс - сангар гирифтааст. Маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама фиристодаи аршади Сурия Зуҳайр Ҷабборро ба далели амалиёти Ҳумс ба ҳузур хонд. Раҳбари барномаҳои башарии СММ Валерӣ Амос гуфт, Сурия то ҳол ба ӯ иҷозати вуруд надодааст. Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс ин амали Димишқро “шармовар” номид.