Ду таркиши Афғонистон 20 нафарро маҷрӯҳ кард

Вазорати умури дохилаи Афғонистон мегӯяд, ки бар асари ду таркиши рӯзи чоршанбе дасти кам 20 нафар маҷрӯҳ шуданд. Таркиши аввали маргталаби савори мошин, ки зидди корвони нирӯҳои НАТО дар вилояти Ҳилманд нигаронида шуда буд, дасти кам ҳафт нафар, аз ҷумла ду кӯдак ва як ходими полисро маҷрӯҳ кард. Инчунин имрӯз дар натиҷаи таркиши бомба дар шаҳри Толуқони вилояти шимолии Тахор 13 нафар мардуми осоишат маҷрӯҳ шуданд. Радиои Афғонистони Озод гузориш дод, ки дар миёни онҳо панҷ кӯдак дар ҳолати сангин қарор доранд.