ЮНИСЕФ (Бунёди кӯдакони Созмони Милал) мегӯяд, дар ҷараёни кӯчбандии аҳолии деҳот ва тавсеаи шаҳрҳо садҳо миллион кӯдаки саросари олам аз хадамоти ҳаётан муҳими иҷтимоиву омӯзиш маҳрум мондаанд.
Ин раванд суръати бештар касб мекунаду шумораи кӯдакони бебаҳра аз таҳсил низ рӯ ба афзоиш аст. ЮНИСЕФ аз шаҳрдориҳои саросари олам даъват кардааст, ки ҳангоми тарҳрезии нақшаи шаҳрҳо ниёзмандиҳои кӯдаконро ба эътибор бигиранд.
Дар як сӯҳбати телефонӣ мудири минтақавии ЮНИСЕФ Ҷон Бад аз шаҳри Женева ин барномаро ин тавр шарҳ дод: "Дар саросари дунё 21 шаҳри бузург аст, ки ҳар яке бештар аз 10 миллион аҳолӣ дорад. Ҳамин тариқ, барои аввалин бор дар таърих шумораи кӯдакони шаҳрҳои саросари олам аз кӯдакони деҳот бештар шудааст. Аз ин рӯ, фишор болои шаҳрҳо афзоиш ёфта, кӯдакон аз дастрасӣ ба ниёзмандониҳояшон маҳрум шудаанд. Дар натиҷа кӯдакон аз таҳсилу дигар хадамоти иҷтимоӣ барканор мондаанд."
Радиои Озодӣ: Мешавад бигӯед, ки ба фикри ЮНИСЕФ вазъро чӣ гуна метавон тағйир дод?
Ҷон Бад: "Ба фикри мо муҳим таъмини шароити баробар ба кӯдакони ҳамон шаҳрҳо аст. Ин масъала хуб аст, ки дар сатҳи маҳалҳо ҳал шавад. Шумо медонед, ки дар маҳаллатон кадом кӯдакон ниёзмандиҳои нобароварда доранд. Дар ҳалли мушкилӣ ин мардуми ниёзманд ҳам бояд шарик бошад. Он чизе, ки ЮНИСЕФ ҳамроҳ бо Бунёди Ҳабитат ба сомон расондааст, ин ташаббуси эътирофи сиёсати дӯстона дар нисбати кӯдакон аст. Бо имзои ин санад шаҳрдориҳо ӯҳдадор мешаванд, ки дар сиёсатҳои худ ва тахсиси маблағҳо кӯдаконро фаромӯш накунанд."
Радиои Озодӣ: Дар мавриди Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ЮНИСЕФ навиштааст, ки вазъ нисбат ба баъзе гӯшаҳои дигари Шӯравии собиқ ва олам беҳтар аст. Ин мушкилиҳо ба мақомоти ин кишварҳо низ ошкор аст, вале дар бисёри ҳолатҳо пул барои иҷрои ин барномаҳо дар ихтиёр нест. Оё ЮНИСЕФ сармоягузории иловагие барои татбиқи ташаббуси ёдшуда дарёфт хоҳад кард?
Ҷон Бад: “Албатта, ЮНИСЕФ маблағи муайяне барои иҷрои барномаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тахсис хоҳад дод, вале бахши асосии сармоя барои иҷрои ин барномаҳо аз сӯи ҳукуматҳои ҳамин минтақа ихтисос дода мешавад. Мо дар навбати худ бо таҳқиқоти хуби фаннӣ онро мукаммал мекунем. Масалан, дар мавриди Осиёи Марказӣ мо машварат додаем, ки масъалаи тарбияи томактабӣ, яъне боғчаҳои бачагона беҳбуд ёбад, то таълими минбаъдаи кӯдакон осонтар шавад."
Радиои Озодӣ: Дар мавриди Тоҷикистон чӣ вижагие ташхис намудаед?
Ҷон Бад: “Вазъият дар Тоҷикистон нотакрор аст. Воқеан, солҳои ахир рушди умумӣ ба назар мерасад, вале боз ҳам дар баъзе маҳалҳои шаҳрӣ кӯдакони оилаҳои камбизоат ҳамагӣ чанд сол таҳсил намуда, онро идома намедиҳанд. Хуб мебуд, агар масъалаи камбағалӣ ҳамчун мушкили мавриди таваҷҷӯҳи хос арзёбӣ мешуд. Яъне гуфтаниам, ки дар Тоҷикистон фарқ миёни 20 дар сади сарватманд ва 20 дар сади камбизоати шаҳрҳо аз фарқи миёни 20 дар сади сарватманду камбизоати деҳот бузургтар аст, ки бояд дар пайи рафъи он бошем.”