Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷират. "Дили оча ба бача, дили бача ба кӯча.."


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

ЮНИСЕФ мегӯяд, муҳоҷирати корӣ зиндагии фарзандони муҳоҷирони тоҷикро сахт ва онҳоро афсурдаҳол мекунад.

Пажӯҳиши мазкурро аз моҳи марти соли 2010 то тобистони соли равон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шуғнон ва шаҳрҳои Кӯлобу Ваҳдат анҷом додаанд. Дар пажӯҳиш омадааст, хонаводаҳое дар Русия муҳоҷир доранд, таъсири умумии муҳоҷират ба зиндагии худро “бисёр хуб” ва ё “хуб” арзёбӣ карданд, вале назари 33 дар сад аз ин гурӯҳ баръакс будааст. Сарфи назар аз даромади изофӣ, ки буҷаи хонавода аз муҳоҷирати корӣ ба даст меорад, ин хонаводаҳо гуфтаанд, муҳоҷират интихоби хубе нест.

Тақрибан 50 дар сади хонаводаҳое, ки муҳоҷир надоштаанд, гуфтаанд, ки муҳоҷирати корӣ барои хонаводаҳо паёмадҳои ногувор дорад. Бештар аз ҳама он хонаводаҳое, аз муҳоҷират бадашон меомадааст, ки сарпарасташон онҳоро раҳо кардааст ё бисёр кам суроғ мекунад.

Пажӯҳиш ошкор кардааст, ки набудани сарпараст дар хонавода кӯдаконро бе раҳнамо гузошта монеъи рушди муносиби равонии онҳо мешавад. Бештар аз 65 дарсади хонаводаҳои муҳоҷирони “сангдил” гуфтаанд, баъди тарки хонавода кардани сарпараст, нигоҳубини фарзандон ва дастрасии онҳо ба хадамоти тиббӣ мушкилтар шудааст ва 6 дарсад ҳам гуфтаанд, чун фарзандонашон афсурдаҳоланд, зуд-зуд бемор мешаванд ва онҳо пули кофӣ барои табобати ҷигарбандони худро намеёбанд.

Дар гузориши ЮНИСЕФ ҳамчунин мехонем, ки кўдакони хонаводаҳои бемуҳоҷир назар ба кӯдакони оилаҳои муҳоҷирони корӣ ва кӯдакони бесарпарастмондаи муҳоҷирон камтар бемор мешудаанд. Дар бахши таъсири муҳоҷирати корӣ ба таҳсили кӯдакон омадааст, муҳоҷират дар ҳолати кам шудани назорату кӯмаки волидайн, ба таҳсили кӯдакон таъсири манфӣ мегузорад ва сабаби кам шудани шавқу завқи кӯдакон ба таҳсил ё рафтори ношоиста аз тарафи онҳо мешавад. Аз сӯи дигар интиқоли маблағ ба хонавода имконият медиҳад, барои фарзандонашон мактаби беҳтарро интихоб кунанд.

Доир ба таъсири муҳоҷират ба вазъи равонии кӯдакон гуфта шудааст, кӯдаконе, ки падаронашон дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд, бештар афсурдаҳолу маҳзунанд ва саркашу канораҷӯ мешаванд. Зимни пажӯҳиш маълум шудааст, ки 50 дарсади кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ ҳафтае як бор ғамгину афсурда будаанд, вале ин рақам дар миёни хонаводаҳои бемуҳоҷир камтар ва танҳо 33 дар садро ташкил медиҳад.

Дар ин миён духтарони аз 15 то 18 сола ба маҳзуниву афсурдаҳолӣ гирифтор мешудаанд ва бахусус дар хонаводаҳое, ки муҳоҷирон суроғашон намекунанд ва гузашта аз ин дар ин хонаводаҳо, теъдоди кӯдакони асабонӣ ва саркаш дар ҳоли афзоиш будааст. Писарон дар ин миён тундхӯ шуда ва модари худро эҳтиром намекардаанд.

Таҳқири ин кӯдакон ҳам зиёд будааст, зеро барои масалан зан гирифтани падари онҳо дар хориҷ ва раҳо кардани фарзандон, алами Исоро аз Мӯсо мегирифтаанд ва ҳам таҳқири ин кӯдакон ва бадрафторӣ бо онҳо дар миёни ҳамсолонашон бештар будааст.

Таври маълум аз Тоҷикистон солона тақрибан як миллион нафар ба Русия муҳоҷират мекунанд ва аксари онҳо муҳоҷирони ғайриқонунианд ва як табақаи беҳуқуқ ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG