HRW: Бо баҳонаи "Евровидение" мақомоти Озарбойҷон зиндагии мардумро барбод медиҳанд

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) мегӯяд, ки дар Озарбойҷон даҳҳо ҳодисаро ба қайд гирифтааст, ки дар он сокинони маҳалҳое, ки ҷои баргузории озмуни мусиқии “Евровидение” дар Боку ба сар мебаранд, маҷбуран аз хонаҳои худ берун мешаванд. Дар гузориши як ходими аршади ин созмони мудофеи ҳуқуқи башар гуфта мешавад, ки ҳукумати Озарбойҷон на танҳо манзилҳоро хароб, балки зиндагии мардумро барбод медиҳад. Мардуми маҷбуран тарки манзилкарда мегӯянд, ки мақомот барояшон хонаҳои номуносиб пешниҳод мекунанд. Дар ҷои зисти қаблии онҳо қарор аст ҳар гуна иншооти ҷашнии марбут ба озмуни бонуфузи мусиқӣ бунёд шавад.