Мақомоти аршади ИА ҷиҳати эъмоли таҳримоти нав алайҳи Беларус тавофуқ кардаанд. Ин таҳримот дар посух ба идомаи саркӯбии мунтақидони раиси он ҷумҳурӣ Аляксандр Лукашенка буда, бояд расман имрӯз тасвиб шавад. Таҳримоти нав 21 мақоми Беларус, аз ҷумла 19 қозии додгоҳ ва ду афсари пулиси дахил дар боздошт ва маҳкум кардани фаъолони сиёсиро ба «рӯйхати сиёҳ»-и афроди мамнӯъулвуруд шомил хоҳад кард.