Таркиш дар Афғонистон 9 нафарро кушт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар пайи инфиҷори як мошини бомбгузоришуда дар фурудгоҳи низомии Ҷалолобод, шарқи Афғонистон, нӯҳ нафар куштаву теъдоди дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бино ба қавли мақомот, қурбониён ва осебдидагони ин инфиҷор ба наздиктарин бемористон интиқол ёфтаанд. Ҷунбиши Толибон масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.