Мақомоти дифоъии Исроил бидуни бурдани ном қарордоди ба Озарбойҷон фурӯхтани ҳавопаймоҳои бесарнишину шабакаҳои дифоъи зиддиҳавоиву мушакӣ ба маблағи қариб 1,6 миллиард долларро тасдиқ кардаанд. Ин қарордод бо ширкати давлатии исроилии “Aerospace Industries” имзо шуда, ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, бо барномаи ҳастаии Эрон ва талошҳои Теҳрон барои куштани дипломатҳои Исроил рабт надорад. Эрон чанде пеш Бокуро айбдор кард, ки ба идораи ҷосусии Исроил – Моссад- иҷозат додааст, то дар Озарбойҷон, аз ҷумла дар вилояти бо Эрон ҳаммарзи Нахҷувон, амал кунад.