Дар шаҳри Ҷос, воқеъ дар қисмати марказии Нигерия, бар асари таркиш дар канори ибодатгоҳи насронӣ дасти кам се кас кушта ва тақрибан даҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бар пояи хабарҳо, маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар ҳоле ба девори калисо зад, ки ин ҷо ибодати бомдодӣ идома дошт.
Масъулияти ҳамлаҳоро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст ва аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи исломии “Боко Ҳаром” кардаанд, ки аз ин пеш ҳам ба ибодатгоҳҳои насронӣ ҳамлаҳо анҷом дода буд.
Масъулияти ҳамлаҳоро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст ва аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи исломии “Боко Ҳаром” кардаанд, ки аз ин пеш ҳам ба ибодатгоҳҳои насронӣ ҳамлаҳо анҷом дода буд.