Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх музокирот бо мақомот ва мухолифини Сурия барои аз шаҳри Ҳумс берун кардани сокинони осоиштаро аз сар гирифт. Дар ин шаҳр даргириҳои миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ошӯбгарон идома дорад. Рӯзи ҷумъа бори аввал баъд шурӯи тирборони Ҳумс шаҳр аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ 27 нафар шаҳрро тарк намуданд.
Ширкаткунандагони конфаронси байнулмилалии "Дӯстони Сурия", ки дар Тунис баргузор шуд, дар як қатънома хостори қатъи фаврии хушунат дар Сурия шуданд.
Онҳо ҳамчунин изҳор намуданд, ки фишор болои Димишқро бештар намуда, аз ҷумла, алайҳи ҳукумати Сурия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунанд. Ҳайатҳои 60 кишвари ширкаткунандаи нишаст Шӯрои миллии Сурия, ниҳоди мухолифи ҳукумати Башор Асадро, ҳамчун як намояндаи мардуми Сурия эътироф карда хостори таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ шуданд.
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар ин конфаронс аз мавқеи Русия ва Чин интиқод кард, ки аз таҳримҳо алайҳи Димишқ ҷонибдорӣ накарданд ва аз фиристодани ҳайатҳои худ ба конфаронси "Дӯстони Сурия" худдорӣ намуданд.
Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама дар як суханронӣ дар Вошингтон изҳор намуд, ки Амрико барои хотима додан ба хушунатҳо дар Сурия аз ҳама чораҳои имконпазир кор мегирад.