Ду тоҷик дар гараже дар Маскав ҷон бохтаанд

Рӯзи ҷумъа аҷсоди ду шаҳрванди Тоҷикистонро аз гараже дар кӯчаи Таганроги шаҳри Маскав пайдо кардаанд. Пулиси пойтахти Русия гуфтааст, ин афрод дар дохили як мошини «Газел» ғолибан аз танаффуси газ ҳалок шудаанд. Дар қиболи ин қазия таҳқиқот оғоз шудааст.