Занҳо ҳам дар Тоҷикистон президент мешаванд?

Азми вакили парлумони Афғонистон Фавзия Кӯфӣ барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2014 занони фаъоли тоҷикро дар ин сӯи Омӯ низ хеле рӯҳбаланд кардааст.
Аммо онҳо мегӯянд, бо вуҷуди номзадҳои хеле сазовор, танҳо ҷуръат кофӣ нест, ки кадоме аз онҳо барои курсии раҳбари аввали Тоҷикистон ба мубориза бархезад. Ба бовари занони тоҷик, як далели аслӣ ҷавви ҳоким бар интихоботҳои Тоҷикистон, яъне камбуди озодиҳои демократӣ ва тақаллубу тахаллуфи фаровон аст, ки ҳатто рақибони мардро маҷоли ҳузур дар ин корзор намедиҳад, чӣ расад ба номзадҳои зан.

Бо онки 54 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд, ва бо вуҷуди тасвиби чандин барномаи боло бурдани мақоми зан, мизони ҳузури “ҷинси латиф” дар тақсими мансабҳои давлатӣ бо мардон ҳатто баробар нест. Танҳо 14 дарсади курсиҳои парлумони Тоҷикистон дар дасти занонанд ва шумори вакилони зане, ки мустақиман аз ҳавзаҳо интихоб шудаанд, аз ин фисади ночиз низ бамаротиб камтар. Тоҷикистон ягон вазири зан надорад ва танҳо узви зан дар кобинаи вазиронаш муовини сарвазир Руқия Қурбонова аст, ки ба ӯ ҳам фақат масъулияти бахшҳои дараҷаи дувуме, чун тиббу фарҳанг ё таъмини даъвати ҷавонон ба сафи артишро "бовар" кардаанд.

Руқия Қурбонова

Ҳамин тавр, дар мақоми муовинат дар вазоратҳову идороти давлатӣ ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва 3 вилояти Тоҷикистон низ ҳатман як курсиро барои занон “ҷудо” кардаанд, ки марзи масъулияташ тақрибан ҳамонест, ки Руқия Қурбонова дар ҳукумати марказӣ дорад.

Занони фаъоле ки дар созмонҳои ғайридавлатӣ кор мекунанд, мегӯянд, ҳузури занон дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон хеле зоҳирӣ ва намоишист ва тақсими мансабҳои барои занон ҷудошуда ин ҳама муддат фақат дар байни чанд нафаре маҳдуд шудааст, ки аз як мақом ба мақоми дигар доим ҷой иваз мекунанд. Раҳбари созмони ғайридавлатии “Оштии миллӣ” Ҳуриннисо Ғаффорзода мегӯяд, ин занони соҳибмансаб ҷуръати дифоъ аз ҳаққи занонро қариб надоранд: "Аз рӯи қонуну фармонҳо агар бингарем, занон зиёданд дар сохторҳои давлатӣ. Вале, муттаассифона, он заноне ки дар воқеъ битавонанд ҷомиаро ба сӯи ислоҳот бубаранд, ба ин доира роҳ намеёбанд. Як зумра заноне дар ин мақомҳои баланданд, ки танҳо бо фармон кор мекунанд, ҷасорат надоранд. Дар парлумон ҳам вакилони зан ҳастанд, дар ҳукумат низ занон муовину раиси идораву дигару дигар ҳастанд, вале чизе аз онҳо вобаста нест. Бадбахтона, заноне ки ба сохторҳои давлатӣ мераванд, ба ҷои он ки аз ҳуқуқи занон ва шаҳрвандон ҳимоят кунанд, худ ғуломи ҳамон сохтор мешаванд."


Ҳуриннисо Ғаффорзода

Ба ақидаи ҳамсӯҳбати мо, ҷаҳобинии хурофотии мардсолорист, ки пеши роҳи ҷалби қишрҳои бештари занон ба умури сиёсиро дар Тоҷикистон мегирад ва асли маҳаллгароӣ имкони интихоби занони арзанда ба мақомҳои раҳбариро боз ҳам маҳдудтар мекунад. Вагарна, меафзояд Ҳуриннисо Ғаффорзода, аз байни лашкари бузурги занони фаъоле, ки аз сояи марҳамати доираи ҳоким маҳрум монда, танҳо дар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷои по пайдо кардаанд, алакай як силсила шахсиятҳое парвариш ёфтаанд, ки хеле беҳтар аз ин тоифаи маҳдуди занони соҳибмақом метавонанд лашкаркашӣ кунанд.

Зарафо Раҳмонӣ, аз фаъолони ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки таҷрубаи ширкат ва шикаст дар ду интихоботи парлумониро дорад, мегӯяд, албатта, занони афғон дар муқоиса бо бонувони тоҷик дар муборизаҳои сиёсӣ таҷрубаву нерӯ ва ҷуръати хеле бештар доранд, вале занони фаъоли тоҷик низ бо вуҷуди гирифториҳои рӯзгор, ки ҳам таъмини хонавода ва ҳам тарбияро фарзандонро бар ӯҳда доранд, боз ҳам барои роҳ ёфтан ба майдони сиёсати бузург талош мекунанд. Аммо ба ақидаи хонум Раҳмонӣ, чанд омиле дар миён ҳаст, ки имкони роҳ ёфтани занон ба ин майдон ва, барои мисол, матраҳ кардани номзадии як зан ба интихоботи президентии Тоҷикистонро монеъ мешавад.

Лаҳзаи дидори Зарафо Раҳмонӣ бо Ҳилларӣ Клинтон дар Душанбе

Зарафо Раҳмонӣ: “Дар интихоботҳои парлумонӣ бар сари занон чӣ қадар мушкилоту маҳдудиятҳо мавҷуд аст, чӣ расад ба ширкати як зани тоҷик дар интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ. Пеш аз ҳама, менталитети мардуми мо намегузорад, ки зан дар мақоми аввал бошад. Дигар инки гирифториҳои рӯзгор боис мешавад, ки занони тоҷик имкони номзад кардани худ ба мақоми президентиро надоранд.”

Аммо ба ақидаи аксар, то замоне ки интихоботҳои Тоҷикистон озоду демократӣ ва пуррақобат нашаванд, доираҳои ҳоким ягон рақиби ҷиддиро, сарфи назар аз он ки мард аст ё зан, ба ин корзор роҳ нахоҳанд дод. Зарафо Раҳмонӣ низ озоду шаффоф набудани интихоботҳои Тоҷикистонро иллати аслии аз ширкати фаъолона дар чунин маъракаҳо канор ҷустани номзадҳои зан медонад: “Албатта, пеш аз ҳама, мо бояд қонуни интихоботро ислоҳ кунем. Азбаски интихоботҳои мо пур аз тақаллуб аст, занон ба ҳамини хотир барои рафтан ба ин маъракаҳо ҷуръат намекунанд, чунки оқибаташро медонанд. Ман худам,ки дар ду интихобот ширкат доштам, ба хеле пуртақаллубу ғайришаффоф гузаштани ин маъракаҳо бовар кардам. То даме ки интихобот дар Тоҷикистон демократӣ сурат нагирад, мо баробарии гендерии номзадҳоро нахоҳем дид.”

Роза Отунбоева, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон

Дар 5 интихоботи президентие, ки Тоҷикистон аз соли 1990 ба ин сӯ таҷруба кардааст, ягон номзади зан натавонистааст, ширкат кунад. Ҳуриннисо Ғаффорзода дар интихоботи соли 2006 барои пешбарии номзадиаш талош кард, вале комёб нашуд. Ӯ мегӯяд, вазъ акнун дигар шудааст ва Осиёи Марказӣ ҳам дар ин байн шоҳиди қариб ду соли президентии Роза Отунбоева дар Қирғизистон буд, ки мафкураи роиҷ дар ин минтақаро, ки гӯиё зан қудрати раҳбарии кишварро надорад, ботил кард. Хонум Ғаффорзода мӯътақид аст, ки навбати раҳбарӣ дар Тоҷикистон ҳам ҳатман ба занон хоҳад расид: “Шароит ҳам барои бонувони тоҷик муҳайёст, чунки мо таҷрубаи кор дар ниҳодҳои ҷомиаи шаҳрвандиро пайдо кардем, пурқувваттару огоҳтар шудем ва имрӯз Тоҷикистон даҳҳо бони арзанда дорад, ки дар интихоботи соли 2013 ширкат варзанд. Чаро не? Муҳим нест, ки баранда мешаванд ё на, вале ман фикр мекунам, вақти он расидааст, ки бонувони тоҷик садои худро баланд кунанд ва дар ин маҷмаъи сиёсӣ боҷасораттар ширкат варзанд. Тақозои замон ҳамин аст, ки мардон мехоҳанд ё на, занон меоянд сари қудрат. Дар Тоҷикистон ҳам, иншоаллоҳ.”

Ҳуриннисо Ғаффорзода мегӯяд, Фавзия Кӯфӣ қатъи назар аз он ки дар интихоботи соли 2014 баранда хоҳад шуд ё на, занҷири мафкураи танги дар Афғонистон роиҷи мардсолориро ҳатман хоҳад шикаст. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки дар интихоботи соли ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни занони фаъоли тоҷик ҳам нафаре бармехезад, ки айни занҷирро дар ин сӯи Омӯ бишканад?