Волидонаш дар оғоз аз баҳри ӯйи навзод, ки фарзанди 19-уми хонавода буд, гузашта буданд, вале модараш баъдан ӯро пазируфт. Фавзия бо чунин як имтиҳони сахт пой ба дунё гузошт, ки таваллуди ӯро ҳеҷ намехост. Зиндагӣ баъдҳо низ барои Фавзия Кӯфӣ чандин имтиҳони дигари сахте пеш овард.
Баъди суқути режими Толибон, Фавзия дар ЮНИСЕФ- Сандуқи кӯдаки СММ ба кор пардохт ва соли 2005 вакили парлумон интихоб шуд. Касби давраи дувуми вакилӣ ӯро яке аз аъзои собиқадори Вулусӣ Ҷирга кард. Ва ҳамин зан, ки бо вуҷуди чандин таҳдиди қатл аз пешоҳангони дифоъ аз ҳуқуқи зану мубориза бо фасод ва ҳам аз мунтақидони тунди бозгашти Толибон аст, акнун барои даст ёфтан ба курсии раҳбарии Афғонистони ҷангзада камари ҳиммат бастааст.
Фавзия, албатта содда ё зудбоваре нест, ки собиқаи нокомии ширкати номзадҳои зан дар интихоботҳои солҳои 2004 ва 2009-уми раёсатҷумҳурии Афғонистон ва инсони навъи дувум шинохта шудани занон дар ҷомеаҳои мазҳабзада ва муҳофизакоре, чун ватани худро аз ёд бубарад. Вале ӯ мӯътақид аст, ки ин вазъ тағйир меёбад:
“Дар Афғонистон зеҳниятҳои ҳоким ҳамин тавр аст, ки раисиҷумҳур бояд ҳатман як мард бошад. То соли 2014 вақт ҳанӯз зиёд аст ва мушкилот ҳам кам нест. Ман иддао намекунам, ки мо мушкилот надорем ва ҳар чиз ба осонӣ иттифоқ хоҳад уфтод. Вале ба фикри ман, як бахши маданӣ ва рӯшанфикри ҷомеаи Афғонистон ҳаст, ки тағйир мехоҳанд. Ва инҳо метавонанд омода бошанд барои пазириши раҳбарии як зан.”
Роҳи Фавзия Кӯфӣ ба қуллаҳои шӯҳрат аз зодгоҳаш – вилояти дурдасти Бадахшон оғоз мегирад. Модари ӯ савод надошт. Падараш дар солҳои 70 вакили парлумон буд, вале Фавзия ӯро марде пок ва хеле суннатӣ тасвир мекунад, ки чандин зан ва 23 фарзанд дошт ва бо Фавзия дар зиндагиаш ҳамагӣ як бор сӯҳбат кардааст.
Рӯзгори Фавзия вақте ба ҳам рехт, ки оташи ҷанг кулли Афғонистонро ба коми худ кашид ва ӯ падару ду бародарашро аз даст дод. Ӯ дар аҳди Толибон мактабро хатм кард ва алорағми тақозои ҳокимони нав ба занони дигар савод меомӯхт. Фавзия дар соли 2002 ба барномаи “Бозгашт ба мактабҳо” пайваст, ки ҳаққи занон ба саводу мактабро ташвиқ мекард.
Китоби аввали Фавзия Кӯфӣ “Номаҳое ба духтаронам” ном дорад ва иборат аз қиссаҳои талху ширини зиндагии ӯву сабабҳои ба ширкат дар интихобот азм карданаш. Ин васияти Фавзия ба духтаронаш Шӯҳраву Шаҳрзод ҳафтае қабл дар Бритониё бо номи “Духтари нозпарвард” ба бозор даромад.
Фавзия Кӯфӣ мегӯяд, ин паёми ӯ пеш аз ҳама ба фарзандонаш аст, ки сарфи назар аз он ки ба сари ӯ чӣ меояд, иродаи қавӣ ва истодагариро аз даст надиҳанд: “Як далелам ин буд, ки як навъ васияти сиёсиамро духтаронам дошта бошанд. Дувуман, фикр кардам, паёме ба ҷаҳон бошад, ки аз тавони занон дар Афғонистон камтар хабар доранд. Чизеро ки медонанд, ин аст ки занони афғон нотавонанд, қурбонии хушунатанд, бесаводанду фақиру мисли инҳо. Аммо чеҳраи дигари занони Афғонистон ҳам ҳаст, ки бо вуҷуди ин ҳама мушкилот қувват доранд ва омили тағйир ҳастанд.”
Азми ин зани афғон ба ширкат дар интихоботи соли 2014 дар ҳолест, ки музокироти сулҳ бо Толибон шурӯъ шудаву, қарор аст, нерӯҳои хориҷӣ низ то 2 соли дигар аз Афғонистон бароянд. Албатта, ҳанӯз рӯшан нест, ки дар ин харитаи нави сиёсие, ки дар Афғонистон ба миён меояд, ҷойгоҳи занон дар майдони сиёсат чигуна хоҳад шуд?
Аммо ба эътиқоди Фавзия Кӯфӣ, вақте ҷомеаҳои ҳатто суннатитаре дар минтақа, ба мисли Покистону Бангладеш алакай собиқаи зан дар мақоми раҳбариро таҷруба кардаанд, чаро Афғонистон бояд истисно бошад. Пас яқинан аз аробаи сиёсати Афғонистон афкандани ӯву ӯ баринҳо ба касе ба осонӣ даст нахоҳад дод.
Аммо оё шароит барои занони Тоҷикистон то куҷо созгор аст, ки дар интихоботҳои раёсати ин ҷумҳурӣ дар баробари довталабони мард низ дасту панҷа нарм кунанд? Оё дар ояндаи наздик ба қудрат расидани як раҳбари зан дар Тоҷикистон то куҷо имкон дорад? Назари худро ба Радиои Озодӣ бинависед.