Раҳбари минтақаи ҷудоиталаби Абхозистон Александр Анкваб аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд. Дар ин ҳамлаи субҳи имрӯз дар шаҳри Гудаута ду муҳофизи Анкваб ҷон бохта, якеи дигар сахт захмӣ шудааст.Бино ба хабарҳо, корвони мошинҳои Анкваб ба як мина бархӯрд ва сипас ҳадафи ҳамла бо мусалсалу норинҷакандоз қарор гирифт. Станислав Лакоба, дабири Шӯрои Амнияти Абхозистон имрӯз дар Гудаута гуфт: “Дар ин лаҳзаҳо корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ фаъолона идома дорад. Президент феълан дар ҷои кораш аст ва вазифаашро иҷро мекунад.” Анкваб дар моҳи август раҳбари ин вилояти ҷудоихоҳи Гурҷистон интихоб шуда буд. Истиқлоли Абхозистонро то ҳол танҳо Русия ва чанд муттаҳидаш шинохтаанд.