Тими миллии футболи Тоҷикистон тамринҳои даҳрӯзааш дар Туркияро имрӯз анҷом дод. Тими Тоҷикистон дар ду бозии нахустини дӯстонааш, ки таҳти раҳбарии мураббии ҷадиди босниягӣ Камол Алиспоҳич гузаронд, аз “Шӯртан”-и Узбакистон бо ҳисоби 1:2 ва аз “Нистру”-и Молдова бо натиҷаи боз ҳам бузургтари 0:2 шикаст хӯрд. Аммо Алиспоҳич аз натоиҷи тамринҳо изҳори қаноат карда, гуфтааст, муҳимтар аз ҳама омодагӣ ба рақобат бо тими Кореяи шимолӣ ва ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми даъвати Иттиҳодияи футболи Осиёст.