Боку мегӯяд, гурӯҳи террористии Эронро боздошт кардааст

Озарбойҷон мегӯяд, як гурӯҳи террористиро, ки барои Эрон кор мекардааст, дар ҷои воқеа боздошт намудааст. Вазорати амнияти миллии Озарбойҷон дар як гузориши телевизионӣ гуфт, шумори номаълуми афродеро боздошт кардааст, ки мехостанд, дар қаламрави Озарбойҷон зидди хориҷиён амалиёти террористӣ анҷом диҳанд. Дар посух Эрон Озарбойҷонро айбдор кард, ки ба фаъолиятҳои ҷосусии Исроил дар қаламраваш аз паси панҷа менигарад. Паём дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтаи гузашта аз таркиши мошин дар Ҳиндустон ҳамсари як дипломати исроилӣ захмӣ шуд ва мақомоти Гурҷистону Таиланд гуфтанд, нақшаҳои ҳамла ба исроилиҳоро хунсо кардаанд.