Дидори вазири умури хориҷии Покистон бо Клинтон

Вазири умури хориҷии Покистон мегӯяд, рӯзи чаҳоршанбе дар Лондон бо ҳамтои амрикоии худ Ҳилларӣ Клинтон мулоқот хоҳад кард. Ҳино Раббонӣ Кҳар гуфт, дар ин дидор равобити сардшудаи байни Покистон ва Иёлоти Муттаҳида баррасӣ хоҳад шуд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки тарафҳо ихтилофи байниҳамиро бартараф хоҳанд кард. Муносибатҳои байни Вашингтон ва Исломобод баъд аз ҳамлаи ҳавоии НАТО дар моҳи ноябри соли гузашта, ки бар асари он 24 сарбози покистонӣ ба ҳалокат расиданд, вориди бунбаст шуданд.