Селоб дар ҷануби Қазоқистон ва кӯч додани аҳолӣ

Садҳо нафар сокинони ҷануби Қазоқистон ба сабаби резиши селоб аз манзилҳои зисти худ ба ҷои дигар кӯч дода шуданд. Бино ба гузоришҳо, 400 хонаи сокинон дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ осеб дидааст. Мақомоти маҳаллӣ талош доранд мардумро ба ҷойҳои дигар бибаранд ва барои безарар кардани селоб каналҳои иловагӣ дуруст кунанд. Об шудани барф ва ҳамзамон бориши борон сабаби боло рафтани сатҳи об рӯдхона ва каналҳо шудааст.