Эътироз алайҳи "беэҳтиромӣ ба Қуръон"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар наздикии пойгоҳи ҳавоии Багром беш аз ду ҳазор сокини Афғонистон эътироз карданд, ки ба гуфтаи мақомот "ғазаболуда" буд. Ин тазоҳуроти эътирозӣ пас аз он сар шуд, ки гузоришҳое дар бораи оташ задани нусхаҳои Қуръон дар ин пойгоҳ пахш гардид. Дар хушунатҳои се рӯзи охир дар ин робита чандин шаҳрванди Афғонистон ва ду сарбози НАТО кушта шудаанд.