Раисиҷумҳури нави Олмон 18-уми март интихоб мешавад

Йоахим Гаук

Раиси порлумони Олмон гуфт, раисиҷумҳури нави ин кишвар рӯзи 18-уми март дар ҷаласаи махсус интихоб хоҳад шуд. Изҳороти Норберт Ламмерт баъд аз созиши аҳзоби сиёсии Олмон бар сари номзадии роҳиб ва ҳомии ҳуқуқи инсон дар Олмони Шарқӣ Йоахим Гаук ба мақоми раёсатҷумҳурии Олмон садо дод. Номзадии пас аз истеъфои Кристиан Вулф зимни моҷарои фасод баррасӣ шуд. Вулф баргузидаи сарвазири Олмон Ангела Меркел буд. Интихобот дар порлумон як расмиёт аст, зеро ҳамаи ҳизбҳо ба номзадии Гаук ризоият додаанд.