Мулоқоти Медведев бо мухолифон

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз бо раҳбарони мухолифин роҳҳои осон кардани тартиби сабти номи аҳзоб ва дигар ислоҳоти сиёсиро баҳс кард. Ӯ бо намояндагони аҳзобе мулоқот кард, ки дархости сабти номашон радд мешуд. Дар ин нахустин мулоқоти рӯбарӯ бо раҳбари Кремл дастандаркорони эътирозҳои густардаи пас аз интихоботи моҳи декабр низ ҳузур доштанд. Медведев ва Путин зоҳиран ба хотири фурӯ нишондани эътирозҳо бархе ислоҳотеро пешниҳод карданд, ки ба рақобати бештари сиёсӣ дар Русия роҳ хоҳад кушод.