Раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, пас аз соли 2014 дар фурудгоҳи Манас “ягон нерӯи хориҷӣ” боқӣ нахоҳад монд.
Алмосбек Ҳотамбоев ин нуктаро зимни мулоқот бо намояндагони вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида баён дошт. Амрико ба Қирғизистон барои истифода аз ин пойгоҳи ҳавоии воқеъ дар наздикии Бишкек ба ҳайси маркази транзитӣ пул пардохт мекунад. Ин марказ ба хотири таъмини нерӯҳои Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон истифода мешавад.
Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Ҳотамбоев дар мулоқот бо як ҳайъати баландпояи дипломатии Амрико бори дигар мухолифаташ ба тамдиди замони ҳузури нерӯҳои Амрико дар пойгоҳи Манас баъд аз соли 2014-ро такрор кард. Ҳайъати Амрикоро ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи марказиву ҷанубӣ Сюзан Эллиот раҳбарӣ мекунад.
Ҳотамбоев ҳамин тавр, ҳафтае пеш ваъда дода буд, ки аз Маскав низ барои пойгоҳҳои низомии дар Қирғизистон мустақар кардааш пардохтани пули бештареро тақозо хоҳад кард. Қарор аст, ки ӯ ба зудӣ барои музокирот бо раҳбарони Русия озими Маскав шавад.
Русия дар Қирғизистон дар баробари пойгоҳи ҳавоии Кант боз як маркази иртиботот ва як пойгоҳи озмоиши мушакҳои дарёияшро мустақар кардааст. Қирғизистон дар ҳоли ҳозир ягона кишвари дунёст, ки пойгоҳҳои ҳам Амрико ва ҳам Русияро мизбонӣ мекунад. Нерӯҳои Амрико дар пойгоҳи "Манас" аз поёни соли 2001, аз замони оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон мустақар шудаанд.
Аммо Алмосбек Ҳотамбоев, ки дар интихоботи моҳи октябр ҷойгузини Роза Отунбоеваи ғарбгаро шуд, аз қабл эълом карда буд, ки тамдиди замони иҷораи пойгоҳи Манасро қабул надорад. Ба ақидаи ӯ, дар сурати бо кишварҳое, чун Эрон, вориди низоъи низомӣ шудани Амрико, Қирғизистон ба маҳзи мизбонии нерӯҳои Амрико метавонад дар як вазъи осебпазир қарор бигирад.